بِسْمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحْمَـٰنِ ٱلرَّحِيمِ
ٱلْقَارِعَةُ ﴿١﴾
101:1 Қориъаҳ.
مَا ٱلْقَارِعَةُ ﴿٢﴾
101:2 Чист қориъаҳ?
وَمَآ أَدْرَىٰكَ مَا ٱلْقَارِعَةُ ﴿٣﴾
101:3 ва ту чӣ донӣ, ки қориъаҳ чист?
يَوْمَ يَكُونُ ٱلنَّاسُ كَٱلْفَرَاشِ ٱلْمَبْثُوثِ ﴿٤﴾
101:4 Рӯзест, ки мардум чун парвонагон пароканда бошанд
وَتَكُونُ ٱلْجِبَالُ كَٱلْعِهْنِ ٱلْمَنفُوشِ ﴿٥﴾
101:5 ва кӯҳҳо чун пашми задашуда.
فَأَمَّا مَن ثَقُلَتْ مَوَٰزِينُهُۥ ﴿٦﴾
101:6 Аммо ҳар кӣ паллаи некиҳои тарозуяш вазнин бошад,
فَهُوَ فِى عِيشَةٍ رَّاضِيَةٍ ﴿٧﴾
101:7 Пас ӯ дар айши писандида бошад.
وَأَمَّا مَنْ خَفَّتْ مَوَٰزِينُهُۥ ﴿٨﴾
101:8 ва аммо ҳар кӣ сабук шуд паллаи некиҳои тарозуяш
فَأُمُّهُۥ هَاوِيَةٌ ﴿٩﴾
101:9 ҷойгоҳаш дар ҳовияҳ аст.
وَمَآ أَدْرَىٰكَ مَا هِيَهْ ﴿١٠﴾
101:10 Ва ту чӣ донӣ, ки ҳовияҳ чист?
نَارٌ حَامِيَةٌۢ ﴿١١﴾
101:11 Оташест дар ниҳояти гармӣ.