بِسْمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحْمَـٰنِ ٱلرَّحِيمِ
وَٱلسَّمَآءِ وَٱلطَّارِقِ ﴿١﴾
86:1 Савганд ба осмону ба он чӣ дар шаб ояд!
وَمَآ أَدْرَىٰكَ مَا ٱلطَّارِقُ ﴿٢﴾
86:2 Ва ту чӣ донӣ, ки он чӣ дар шаб ояд, чист?
ٱلنَّجْمُ ٱلثَّاقِبُ ﴿٣﴾
86:3 Ситораест дурахшанда.
إِن كُلُّ نَفْسٍ لَّمَّا عَلَيْهَا حَافِظٌ ﴿٤﴾
86:4 Ҳеҷ кас нест, кӣ бар ӯ нигаҳбоне набошад.
فَلْيَنظُرِ ٱلْإِنسَـٰنُ مِمَّ خُلِقَ ﴿٥﴾
86:5 Пас одамӣ бингарад, ки аз чӣ чиз офариша шудааст.
خُلِقَ مِن مَّآءٍ دَافِقٍ ﴿٦﴾
86:6 Аз обе ҷаҳанда офарида шудааст,
يَخْرُجُ مِنۢ بَيْنِ ٱلصُّلْبِ وَٱلتَّرَآئِبِ ﴿٧﴾
86:7 ки аз миёни пушту сина берун меояд.
إِنَّهُۥ عَلَىٰ رَجْعِهِۦ لَقَادِرٌ ﴿٨﴾
86:8 Худо ба бозгардонидани ӯ тавоност,
يَوْمَ تُبْلَى ٱلسَّرَآئِرُ ﴿٩﴾
86:9 рӯзе, ки розҳо (сирҳо) ошкор мешаванд.
فَمَا لَهُۥ مِن قُوَّةٍ وَلَا نَاصِرٍ ﴿١٠﴾
86:10 Ӯро на қувватест, ва на ёваре.
وَٱلسَّمَآءِ ذَاتِ ٱلرَّجْعِ ﴿١١﴾
86:11 Қасам ба осмони бозборанда!
وَٱلْأَرْضِ ذَاتِ ٱلصَّدْعِ ﴿١٢﴾
86:12 Қасам ба замини руёни шикофхӯрда, (барои гиёҳ)
إِنَّهُۥ لَقَوْلٌ فَصْلٌ ﴿١٣﴾
86:13 ки ин китоб ҳақро аз ботил ҷудо кунад,
وَمَا هُوَ بِٱلْهَزْلِ ﴿١٤﴾
86:14 ва сухани ҳазл нест!
إِنَّهُمْ يَكِيدُونَ كَيْدًا ﴿١٥﴾
86:15 Онон ҳилае меандешанд
وَأَكِيدُ كَيْدًا ﴿١٦﴾
86:16 ва Ман ҳам ҳилае меандешам.
فَمَهِّلِ ٱلْكَـٰفِرِينَ أَمْهِلْهُمْ رُوَيْدًۢا ﴿١٧﴾
86:17 Пас кофиронро мӯҳлат деҳ андак мӯҳлаташон деҳ!